Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд: Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии «Пайрав» вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизби «Пайрав», барои соли 2023, масъалаҳои ҷорӣ.
Сипас Субҳонзода Икром Субҳон зимни суханронии зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, таҳкими сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, хештаншиносӣ ва якпорчагии сарзамини маҳбубамон саҳми худро гузоштанд.
Инчунин, масоили дохилиҳизбӣ: танзими ҳаракати аъзои ҳизб, корбарию коргузорӣ, тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот аъзоён ва кормандони Агентӣ вазифадор карда шуданд.
Дар фарҷоми ҳисобот вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Ҳамзамон, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуда, таъкид гардид, ки татбиқи Паёми сарвари давлат ба сифати барномаи мукаммал ё дурнамои рушди яксолаи кишвар рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти касбии ҳар корманд аст.
Дар музокира як қатор аъзои ҲХДТ, Мирзозода А., Вализода Ҳ, Саидзода Ҳ. баромад намуда, ҷиҳати қаноатбахш арзёбӣ намудани ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии «Пайрав» ҲХДТ-и ноҳияи Шоҳмансур ибрози андеша намуданд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома дар мавзуи «Бозтобии соҳаи маориф дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» Содиқзода Хурсанд - муовини якуми Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Инчунин, Мирзозода Иброҳим Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҷеъ ба тарғиб ва таҳким бахшидани идеологияи миллӣ дар ҷомеа ва дар ниҳоди насли ҷавон, ҳифзи идеологияи миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона ва идеологияи тахрибкорона, падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи амнияту субботи сартосарӣ дар кишвар ва якпорчагии сарзамин ва баланд бардоштани иродаи сиёсии шаҳрвандон баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ҲХДТ ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, вуруди идеологияи тахрибкор ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез мубориза бурда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми хешро мегузорад.
Дар фарҷом ба якчанд фаъолони ҳизб ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.